Душанбе, 28 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳаҷми гардиши савдои мутақобилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба 1,13 миллиард доллар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз зиёд мебошад.

Рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба аз масъалаҳои асосии ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ буданд, ки 27 октябр дар Душанбе баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлибек Налибаев бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир шуд.
Дар соли 2025 гардиши савдои мутақобилаи ду давлат 1,2 миллиард долларро ташкил дод. Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ҳолат аҳамияти робитаҳои иқтисодии дуҷонибаро барои ҳар ду кишвар нишон медиҳад.
Иштирокдорони ҷаласа таъкид карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва шарикии стратегӣ пайваста рушд мекунанд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии сармоягузории воридшуда аз Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2025 ба 133,8 миллион доллар расидааст, ки аз он 14,4 миллион доллар сармоягузории мустақим мебошад.
Дар ин замина ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолиро таъкид карданд. Саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номбар гардиданд.
Рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак метавонанд барои зиёд намудани гардиши савдои мутақобила ва таҳкими робитаҳои истеҳсолии байни ду кишвар заминаи иловагӣ фароҳам оваранд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Густариши ҳамкориҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ низ аз самтҳои муҳим арзёбӣ шуданд. Ҷонибҳо ба таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорон, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ҳавасмандӣ нишон доданд.
Иҷрои қарорҳои ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагони мақомоти дахлдори ҳар ду давлат оид ба корҳои анҷомдодашуда маълумот пешниҳод карданд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар бораи раванди иҷрои тавофуқоти қаблан бадастомада ва масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ гузориш дод.
Дар анҷоми музокирот ҷонибҳо Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Санад натиҷаҳои баррасии масъалаҳо ва тавофуқоти бадастомадаро дар бар гирифта, вазифаҳои мушаххаси вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишварро барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муайян мекунад.

Ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи амалии чораҳои мувофиқашуда, афзоиши гардиши савдои мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ тасдиқ намуданд. Фаъолияти минбаъдаи Комиссия ба рушди шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон равона хоҳад шуд.
Акс: АМИТ «Ховар».
