Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Роҳбарони парламентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон, инчунин ҳайати парламентии Қирғизистон 28 октябр барои иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омаданд.

Нимаи дуюми рӯз меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аз Театри миллии Тоҷикистон боздид карданд.
Зимни шиносоӣ меҳмонони олиқадр даромадгоҳ ва толорҳои асосӣ, консертӣ ва конфронсии театрро тамошо карданд. Онҳо инчунин бо нақшу нигор, унсурҳои ороиши миллӣ, меъмории толорҳо ва ороиши дохилию берунии бино шинос шуданд.

Тарҳи театр нақшу нигори фарҳанги миллиро бо талаботи меъмории муосир пайваст мекунад. Меҳмонон аз роҳҳалҳои бадеӣ ва ҷузъиёти ороишии маҷмаа таассуроти нек бардоштанд.
Боздид дар доираи сафари ҳайатҳои парламентӣ ба Душанбе барои иштирок дар форуми байнипарламентӣ баргузор шуд. Форум барои мулоқот ва баррасии масъалаҳои ҳамкории парламентҳои кишварҳои минтақа майдон фароҳам меорад.
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
