Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Қазоқистон низоми электронии иҷозати пешакии вуруд ба кишвар — QazETA-ро барои шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид сафар мекунанд, марҳила ба марҳила ҷорӣ менамояд.

Амали низом аз 1 ноябри соли 2026 оғоз мешавад, аммо барои шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтани ҳатмии иҷозат аз 1 июли соли 2027 пешбинӣ шудааст.
Низоми QazETA дар асоси қарори Ҳукумати Қазоқистон таҳти рақами 890 аз 10 октябри соли 2026 роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи он фароҳам овардани имкони гирифтани иҷозати электронии пешакӣ барои вуруд ба кишвар ва содда кардани расмиёти рақамии сафар мебошад.
Ҷорӣ намудани низом марҳила ба марҳила сурат мегирад. Аз 1 ноябри соли 2026 он дар Фурудгоҳи байналмилалии Оқтау ва чор гузаргоҳи автомобилии сарҳадӣ — «Урлютобе» дар вилояти Павлодар, «Аухатты» дар вилояти Жамбил, «Атамекен» дар вилояти Туркистон ва «Нурлы Жол» дар вилояти Жетису фаъол мешавад.
Аз 1 январи соли 2027 низом дар фурудгоҳҳои Остона ва Алмато ба кор оғоз карда, аз 1 март ба дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ паҳн мегардад. Аз 1 июли соли 2027 гирифтани иҷозати ETA барои гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаҳо фаро мегиранд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳатмӣ мешавад.
То ин муҳлат надоштани иҷозати электронӣ худ аз худ барои рад кардани вуруд асос намешавад. Дар давраи гузариш мақомоти Қазоқистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ариза тавассути замимаи мобилии QazETA, ки дар App Store ва Google Play дастрас аст, ройгон пешниҳод карда мешавад. Иҷозат 180 рӯзи тақвимӣ эътибор дошта, тавсия мешавад, ки ариза на камтар аз 72 соат пеш аз сафар ирсол гардад. Маълумоти воридшуда бояд ба маълумоти шиноснома мувофиқат кунад.
Ҳамзамон, доштани ETA вуруд ба кишварро кафолат намедиҳад: қарори ниҳоиро хадамоти сарҳадии Қазоқистон қабул мекунад. Ин иҷозат муҳлати будубошро низ муайян намесозад.
Қоидаҳо барои баъзе гурӯҳҳо истисно пешбинӣ мекунанд. Аз ҷумла, кӯдакони то 16-сола, шахсони аз 65-сола боло, дорандагони раводиди амалкунанда ё иҷозатномаи иқомат ва мусофирони транзитӣ, ки минтақаи транзитии байналмилалии фурудгоҳро тарк намекунанд, метавонанд аз ин талабот озод бошанд.
QazETA ҳамчун платформаи ягонаи рақамӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ рушд мекунад. Маълумоти иловагӣ тавассути почтаи электронии support@qazeta.kz дастрас аст.
Акс: АИ «Авесто»
