Аз Китобхонаи Британия то Хуҷанд: ганҷинаҳои нодири адабиёти форсу тоҷик ба намоиш гузошта шуданд - ИА Караван Инфо
Аз Китобхонаи Британия то Хуҷанд: ганҷинаҳои нодири адабиёти форсу тоҷик ба намоиш гузошта шуданд

Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қалъаи таърихии Хуҷанд намоиши нусхаҳои дастхатҳо ва китобҳои нодири классикони адабиёти форсу тоҷик, ки дар Китобхонаи Британия маҳфузанд, ифтитоҳ ёфт. Намоиш бо ташаббуси Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон баргузор гардида, ба боздидкунандагон имконият фароҳам меорад, ки бо мероси хаттие шинос шаванд, ки дар тӯли асрҳо дар ташаккул ва рушди анъанаҳои адабию фарҳангии минтақа нақши муҳим бозидааст.

Маросими ифтитоҳи намоиш 28 октябри соли 2026 дар толори Маркази қалъаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии „Қалъаи Хуҷанд“» баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, роҳбарону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, олимону муҳаққиқон, аҳли илму адаб, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии намоиш муаррифии мероси ғании адабию фарҳангии халқи тоҷик, гиромидошти осори гаронбаҳои адибони классик ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир мебошад. Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мероси хаттии Тоҷикистон ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар намоиш беш аз 18 намунаи дастхатҳо ва китобҳои нодир, ки ба эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик иртибот доранд, муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Девон»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Куллиёт»-и Саъдӣ, рубоиёти Умари Хайём, маҷмуаи «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Девон»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва осори дигар суханварону мутафаккирони маъруф ба намоиш гузошта шуданд.

Ин асарҳо дар таърихи ташаккул ва рушди адабиёти миллӣ мақоми муҳим дошта, ҳифзу омӯзиши онҳо барои дарки амиқтари анъанаҳои адабӣ, арзишҳои маънавӣ ва робитаҳои фарҳангии халқҳои дорои мероси муштараки хаттии форсу тоҷик мусоидат мекунад. Муаррифии нусхаҳои осори маҳфуз дар Китобхонаи Британия имкон медиҳад, ки доираи васеи ҷомеа бо ёдгориҳои нодире шинос шавад, ки берун аз Тоҷикистон нигоҳдорӣ гардида, аҳамияти илмӣ ва маърифатӣ доранд.

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ ба аҳамияти ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ, нақши китоб дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ таъкид намуд. Дар суханронии ӯ китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш, маърифат ва худшиносии миллӣ арзёбӣ гардид, ки дар тӯли таърих ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рушди фарҳанги халқҳо таъсири назаррас расонидааст.

Дастхатҳои қадима на танҳо бозгӯкунандаи андешаи адабии давраҳои гузашта, балки ёдгориҳои рушди илму дониш, хаттотӣ ва ҳунари китобсозӣ низ мебошанд. Барои муҳаққиқон чунин осор сарчашмаи муҳими омӯзиши таърихи забон, жанрҳои адабӣ, анъанаҳои бадеӣ ва роҳҳои интиқоли дониш аз як насл ба насли дигар ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, ҳифзи чунин мавод ва фароҳам овардани имконияти дастрасӣ ба онҳо ҳам барои ҷомеаи илмӣ ва ҳам барои доираи васеи аҳли ҷомеа аҳамияти хос дорад.

Намоиш чанд рӯз идома ёфта, дар ин муддат дӯстдорони китоб, олимону муҳаққиқон, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон метавонанд бо нусхаҳои китобҳои нодир ва дастхатҳои таърихии адабиёти классикии форсу тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Баргузории чунин намоишҳо ба муаррифии мероси хаттии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо шарикони хориҷӣ ва рушди фаъолияти маърифатӣ мусоидат мекунад. Шиносоӣ бо осори классикон барои нигоҳ доштани пайванди наслҳо ва тақвияти таваҷҷуҳ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ замина фароҳам меорад.

Акс: МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»