Душанбе, 30 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 30 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ мешаванд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа ба масъалаҳои муҳими ҳамкории сохторҳои дахлдори кишварҳои ИДМ бахшида мешавад. Интизор меравад, ки иштирокдорон таҷрибаи худро мубодила карда, роҳҳои ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо муҳокима кунанд.
Дар доираи барномаи сафар меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол» ва Қалъаи Ҳисор боздид менамоянд. Ҳамчунин, боздид аз токзорҳои шаҳри Турсунзода ва мавзеъҳои хушманзараи ноҳияи Варзоб пешбинӣ шудааст.
Баргузории ҷаласа дар Душанбе барои баррасии масъалаҳои амалии ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ ва густариши робитаҳои касбӣ миёни онҳо замина фароҳам меорад.
Акс: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
