Дар Душанбе Маркази аутизм ифтитоҳ гардида, сохтмони Маркази трансплантология оғоз ёфт - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе Маркази аутизм ифтитоҳ гардида, сохтмони Маркази трансплантология оғоз ёфт

Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази аутизми шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин, бо лоиҳаи Маркази трансплантология шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.

Маркази аутизм бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ташхис, табобат, офиятбахшӣ ва омӯзиши кӯдакони дорои ихтилоли спектри аутизм бунёд гардидааст. Муассиса ҳамчунин барои кӯдакони гирифтори синдроми Даун, фалаҷи мағзи сар, таъхири инкишофи нутқ ва зеҳнӣ, инчунин синдроми норасоии диққат ва беқарорӣ хизмат мерасонад ва ба оилаҳои онҳо дастгирӣ пешниҳод мекунад.

Маҷмаа аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, шуъбаҳои офиятбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Марказ барои хизматрасонии ҳамзамон ба то 400 нафар пешбинӣ шуда, дар он 200 мутахассис бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар муассиса ҳафт шуъбаи махсусгардонидашуда, аз ҷумла бахшҳои ташхис, дахолати барвақтӣ, офиятбахшӣ, будубоши рӯзона, кор бо наврасон ва машварати волидон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, ду толори конфронсӣ бо 90 ва 60 ҷой, меҳмонхонаи 18-ҳуҷрадор, ошхонаи 50-ҷойӣ ва ду ҳавзи шиноварӣ пешбинӣ шудаанд.

Ба Президенти кишвар низоми электронии «Е-тиб» муаррифӣ гардид, ки истифодаи корти электронии тиббии бемор, дорухатҳои электронӣ, навбати электронӣ ва қабули фосилавиро дар бар мегирад. Ҷорӣ намудани он ба рақамикунонии равандҳои корӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ равона шудааст.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи Маркази трансплантология, ки дар кӯчаи Негмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ бунёд мегардад, шинос шуданд. Бинои 15-ошёна барои ташхису табобат, гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳо, эҳёи беморон ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, дар бино 377 ҳуҷраи таъиноти гуногун ва 19 воҳиди асосии сохторӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои махсус, шуъбаҳои эҳё ва нигоҳубини шадид, инчунин шуъбаи ҷарроҳии инноватсионӣ ва омехта ҷойгир карда мешаванд. Дар қисми болоии бино майдончаи фуруд ва парвози чархбол пешбинӣ шудааст.

Сохтмони Маркази трансплантология бояд дар давоми ду сол ба анҷом расад. Президенти кишвар ба масъулон дастур доданд, ки сифати корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои бинокорӣ ва муҳлати иҷрои лоиҳаро таъмин намоянд.

Ифтитоҳи Маркази аутизм ва оғози сохтмони Маркази трансплантология ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва тиббии пойтахт, васеъ намудани хизматрасониҳои офиятбахшӣ ва беҳтар намудани имкониятҳои расонидани ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ равона гардидааст.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон