“Аке” -  зеҳни сунъӣ дар посбони саломатии мардон - ИА Караван Инфо
“Аке” -  зеҳни сунъӣ дар посбони саломатии мардон

Остона, 31 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар намоишгоҳи “AI-Sana” (Эй-Ай Сана) хатмкардаи Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров Айим Амангелди замимаи “Аке” (Падар) – ро барои мониторинги саломатии репродуктивии мардон пешниҳод намуд.

Хизматрасонӣ саволномаи арзёбии аввалияи ҳолати бадан ва AI-чатботро, ки дар асоси протоколҳои клиникӣ ва адабиёти тиббӣ машварат медиҳад, муттаҳид мекунад. Истифодабарандагон инчунин метавонанд ҳар рӯз нишондиҳандаҳои саломатиро пешниҳод кунанд ва тағйиротро дар ҳафт ва сӣ рӯз таҳлил кунанд.

Таҳиягарон умедворанд, ки барнома огоҳии мардонро баланд мебардорад, ба саривақт пай бурдани тағйирот дар саломатӣ ва коҳиш додани монеаҳои равонӣ ҳангоми муроҷиат ба мутахассисон кӯмак мекунад. Лоиҳа ба ташаккули муносибати масъулиятнок ба саломатии репродуктивӣ нигаронида шудааст.

Аксҳо: донишгоҳи С. Асфендияров