Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷаласа ба 35-солагии таъсиси ИДМ бахшида шуда, таҳти раёсати муовини роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Олег Губайдуллин доир шуд.

Дар он роҳбарон ва кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ҳамчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои узви Иттиҳод ва Хадамоти ҳамоҳангсозии Шурои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳайси нозир ҳузур доштанд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни ифтитоҳи ҷаласа аҳамияти эътимод, эҳтироми ҳамдигарӣ ва масъулияти муштаракро дар рушди ҳамкории мақомоти гумрук таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои фаромарзӣ ҳамоҳангсозии амалҳо, мубодилаи фаврии иттилоот ва густариши ҳамкории амалӣ байни мақомоти дахлдорро тақозо менамояд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муборизаи муштарак бо воридоти «сиёҳ», ошкор намудани нақшаҳои «транзити бардурӯғ», пешгирии қочоқи маҳсулоти тамоку ва воридоти ғайриқонунии прекурсорҳое, ки барои истеҳсоли маводи мухаддири синтетикӣ истифода мешаванд, баррасӣ гардиданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ дар солҳои 2025–2026 аз муомилоти ғайриқонунӣ тақрибан 73 тонна маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мусодира шудааст.
Ҳамчунин, натиҷаҳои мобайнии татбиқи лоиҳаи «Матритса», ки ба ошкор намудани ашёи манъшуда дар ирсолоти байналмилалии почта ва борҳои экспрессӣ равона шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон ҳамчунин таҷрибаи татбиқи қонунгузории миллӣ оид ба ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти қочоқидошта را баррасӣ карданд.
Дар натиҷаи ҷаласа оид ба баргузории чорабиниҳои муштарак барои омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумруки кишварҳои Иттиҳод мувофиқа ҳосил гардид. Самтҳои минбаъдаи ҳамкории воҳидҳои кинологӣ низ муайян карда шуданд.
Иштирокдорон аҳамияти таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштарак таъкид намуданд.
Акс: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
