Тоҷикистон ташаббусҳои минтақавиро оид ба мониторинги моҳвораии захираҳои об ва огоҳонии барвақт аз хатарҳои табиӣ пешниҳод кард - ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ташаббусҳои минтақавиро оид ба мониторинги моҳвораии захираҳои об ва огоҳонии барвақт аз хатарҳои табиӣ пешниҳод кард

Душанбе, 31 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар самти истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои мониторинги захираҳои об ва пиряхҳо, огоҳонии барвақт аз хатарҳои табиӣ ва рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ густариши ҳамкориҳои минтақавиро пешниҳод намуд.

Ин пешниҳодҳо дар Конфронси панҷуми вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором, ки рӯзҳои 28–29 октябр дар шаҳри Бангкок баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.

Конфронс аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Таиланд ташкил шуда, дар он ҳайатҳои 30 давлат, намояндагони муассисаҳои СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Қабл аз конфронс иҷлосияи 30-уми Кумитаи машваратии байниҳукуматӣ оид ба Барномаи минтақавии истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор баргузор гардид.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро доктори илмҳои техникӣ, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Аминҷон Гулаҳмадзода намояндагӣ кард.

Дар ҳошияи конфронс ӯ бо Муовини Дабири кулли СММ ва Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиа Алисахбана мулоқот намуд. Зимни он дастгирии ЭСКАТО аз ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории форуми «Об ва хавфҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» дар Душанбе моҳи майи соли 2026, ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор шуда буд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самтҳои идоракунии захираҳои об, мониторинги пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи технологияҳои кайҳонӣ баррасӣ карданд.

Аминҷон Гулаҳмадзода зимни суханронӣ аз номи Тоҷикистон аҳамияти мушоҳидаҳои моҳвораӣ, зондкунии фосилавии Замин ва зеҳни сунъиро барои омӯзиши вазъи захираҳои об, мониторинги пиряхҳо ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд.

Тоҷикистон се самти афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавиро пешниҳод кард: таъсиси ташаббуси минтақавӣ оид ба мониторинги моҳвораии захираҳои об ва пиряхҳо; таҳияи низоми ҳамгирои огоҳонии барвақт аз хатарҳои иқлимӣ ва вобаста ба об; васеъ намудани дастрасӣ ба маълумоти моҳвораӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ. Ин самтҳо махсусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои кӯҳистон аҳаммияти муҳим доранд.

Дар доираи конфронс ЭСКАТО маҷмӯаи «Таҷрибаҳои геофазоӣ барои рушди устувор дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ — 2026»-ро муаррифӣ намуд. Дар он 100 намунаи минтақавӣ, аз ҷумла таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгӯии обхезиҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ, огоҳонии барвақт аз хатарҳои табиӣ, арзёбии хавфҳои геологӣ ва осебпазирии инфрасохтор, инчунин харитасозии иншооти обрасонӣ инъикос ёфтааст.

Конфронс бо қабули Эъломияи вазирони Бангкок оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором анҷом ёфт. Эъломия барои марҳилаи сеюми Нақшаи амалиёти минтақавӣ барои солҳои 2026–2030 замина гузошта, нақши мушоҳидаи Заминро дар татбиқи чораҳои иқлимӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва идоракунии устувори захираҳои об таъкид мекунад.

Акс: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология АМИТ