Душанбе, 04 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 3 июн, дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург, ҷаласаи XXXIV Шӯрои роҳбарони ожонсҳои иттилоотии давлатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.

Дар маркази муҳокима масъалаҳое қарор доштанд, ки имрӯз самтҳои асосии рушди фазои иттилоотии ҷаҳониро муайян мекунанд. Аз ҷумла, истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ожонсҳои иттилоотӣ, риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии журналистӣ дар шароити рақамикунонӣ, муқовимат ба паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод, идоракунии давлатӣ, маориф ва фазои иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Барои воситаҳои ахбори омма ин раванд имкониятҳои навро фароҳам меорад, аз ҷумла дар самти омодасозии фаврии мавод, тарҷумаи матнҳо ба забонҳои гуногун, мониторинги рӯзномаи байналмилалӣ ва беҳтар намудани сифати муҳтавои хабарӣ.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо пешрафти технологияҳо масъулияти касбии журналистон низ бештар мегардад. Дар шароити мубодилаи босуръати иттилоот масъалаҳои санҷиши далелҳо, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва пешгирии паҳншавии маълумоти носаҳеҳ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкориҳо байни ожонсҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ дар самти технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ равона гардид. Ба андешаи иштирокчиён, чунин ҳамкорӣ метавонад самаранокии мубодилаи иттилоотиро афзоиш дода, ба таҳкими фазои ягонаи иттилоотии Иттиҳод мусоидат намояд.
Дар доираи ҷаласа инчунин масъалаҳои фаъолияти Ассотсиатсияи байналмилалии фактчекинг, омодагӣ ба чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳҳои минбаъдаи таҳкими ҳамкории байни ожонсҳои миллии иттилоотии кишварҳои узв мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин нишастҳо на танҳо барои мубодилаи таҷриба, балки барои ташаккули равишҳои муштарак дар фаъолияти расонаҳо дар шароити босуръат тағйирёбандаи муҳити иттилоотӣ аҳамияти муҳим доранд. Барои кишварҳои ИДМ ин масъала дар шароити афзоиши хатарҳои иттилоотӣ, рақамикунонии ҷомеа ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои расонаӣ аҳамияти бештар касб мекунад.
Акс: АМИТ «Ховар»
