Душанбе, 29 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Иттиҳодияҳои пешсафи тиҷоратии Россия бо ташаббуси ислоҳи мӯҳлатҳои оғози лоиҳаи пилотии ҷалби ҳадафманди муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карданд.

Пештар нақша буд, ки таҷриба аз январи соли 2027 оғоз ёбад, аммо тиҷорат пешниҳод мекунад, ки оғозро ба 1 январи соли 2028 гузаронанд. Муроҷиатҳои дахлдор ба муовини Сарвазири Ҳукумати ФР Татяна Голикова фиристода шудаанд.
Намояндагони Иттиҳоди россиягии саноатчиён ва соҳибкорон (РСПП), Палатаи савдову саноатии ФР, «Опораи Россия» ва «Россияи тиҷоратӣ» бар он ақидаанд, ки маҳдудиятҳои сахт ва омода набудани инфрасохтори рақамӣ то соли 2027 хатарҳои ҷиддӣ барои бозори меҳнат, аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон, эҷод мекунанд.
Даъвои асосии корфармоён — шарти пайвастагии сахти муҳоҷир ба як ҷойи корӣ ва як корхона аст. Тиҷорат хавотир аст, ки ҳангоми аз кор озод шудан ё хоҳиши иваз кардани касб корманд наметавонад ҳуҷҷатҳоро фавран аз нав ба расмият дарорад ва хатари гузаштан ба бахши ғайрирасмӣ вуҷуд дорад.
Илова бар ин, то соли 2027 идораҳои масъул метавонанд барои танзими феҳристҳои ягона, мубодилаи байниидоравии рақамии маълумот ва механизмҳои омодагии пеш аз сафар дар кишварҳои манбаъ вақт надошта бошанд.
Коршиносон таъкид мекунанд: оргнабор ҳамчун механизми параллелӣ таҳия мешавад, на ивазкунандаи пурраи системаи амалкунандаи патент, ки имкони мустақилона ҷустуҷӯи ҷойи кориро медиҳад.
Аз нуқтаи назари таҳлилӣ ташаббуси тиҷорат оид ба нарм кардани қоидаҳо ва гузаронидани оғоз ба соли 2028 вақти иловагӣ барои эҷоди инфрасохтори боэътимоди рақамӣ ва шароити чандиртар медиҳад.
Ин имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳифз гардад, имкониятҳои шаффоф барои иваз кардани корфармо таъмин шавад ва аз норасоии қувваи корӣ дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти Россия пешгирӣ карда шавад. Ислоҳи саривақтии параметрҳои таҷриба ба манфиатҳои ҳам корфармоён ва ҳам худи кормандон ҷавобгӯ буда, тавозуни байни назорат ва ҳаракатпазирӣ дар бозори меҳнатро нигоҳ медорад.
Акс: https://leaderg.ru/
