Душанбе, 19 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои навсозии низоми маориф, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва омода намудани мутахассисон барои иқтисодиёти оянда меҳвари асосии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Тамоюлҳои рушди маориф дар кишварҳои иттиҳод» гардиданд, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то 20 июн идома хоҳанд кард.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, олимон, коршиносон ва роҳбарони соҳаи маорифро аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон ва Қирғизистон гирди ҳам овардааст.
Дар маркази муҳокима масъалаҳои муҳимми мутобиқсозии низоми маориф ба талаботи замони муосир қарор доранд. Иштирокчиён масъалаҳои рақамикунонии низоми таълим, истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди омӯзиш, тайёр намудани кадрҳои рақобатпазир, таҳкими робитаи таҳсилот бо истеҳсолот, баланд бардоштани сифати таълим, рушди таҳсилоти муттасил ва такмили таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро баррасӣ менамоянд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни ифтитоҳи конфронс таъкид намуд, ки имрӯз низоми маорифи ҷаҳон ба марҳилаи нави рушди худ ворид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ, рушди иқтисодиёти донишбунёд, густариши истифодаи зеҳни сунъӣ ва тағйироти пайваста дар бозори меҳнат аз давлатҳо муносибатҳои навро нисбат ба рушди сармояи инсонӣ тақозо менамоянд.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои охир дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, таҷдиди муҳтавои таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҷрибаи назаррас ба даст овардаанд. Яке аз тамоюлҳои асосии рушди соҳа таҳкими таҳсилоти касбӣ ба сифати омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Иштирокчиёни конфронс ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Тавре таъкид гардид, маҳз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои бахшҳои калидии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва хизматрасонӣ мутахассисони амалӣ омода менамоянд.

Дар ҷараёни ҳамоиш сиёсати Тоҷикистон дар самти рушди таҳсилоти касбӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар солҳои охир заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ навсозӣ гардида, ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ густариш ёфта, унсурҳои таҳсилоти дуалӣ тадриҷан ҷорӣ мегарданд.
Намояндаи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии ИДМ Камол Раҳимов иброз дошт, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба таҳсилоти касбӣ дар аксари кишварҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар ин самт пешрафти назаррас дошта, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва муттаҳид сохтани омӯзиши назариявӣ бо таҷрибаи истеҳсолиро фаъолона пеш мебарад.
Дар доираи конфронс ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба байни муассисаҳои таълимии кишварҳои ИДМ ва ҷалби технологияҳои нави таълимӣ ба раванди омӯзиш муҳокима хоҳанд шуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин платформаҳои байналмилалӣ дар шароити тағйироти босуръати бозори ҷаҳонии меҳнат аҳамияти бештар пайдо мекунанд, зеро маҳз сатҳи таҳсилот ва сифати омодасозии кадрҳо имрӯз яке аз омилҳои асосии рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Манбаи акс: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
