Қазоқистон ҳамкориро бо БОР дар соҳаи рақамикунонӣ ва рушди устувор густариш медиҳад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ҳамкориро бо БОР дар соҳаи рақамикунонӣ ва рушди устувор густариш медиҳад

Остона, 14 майи соли 2026-АИ Караван инфо. Қазоқистон ҳамкориро бо бонки осиёии рушд идома дода, ба дигаргунсозии рақамӣ, рушди инфрасохтор ва иқтисоди устувор диққати махсус медиҳад. Ин масъалаҳо дар ҷаласаи 59-уми солонаи Шӯрои идоракунандагони БОР дар Самарқанд баррасӣ шуданд.

Ҳайати қазоқистонро муовини вазири молия Даурен Кенбеил роҳбарӣ намуд. Дар рафти суханронӣ ӯ таъкид намуд, ки кишвар ба яке аз марказҳои ҳалли рақамӣ дар минтақа табдил меёбад ва ба дастгирии БОР барои рушди минбаъдаи технология манфиатдор аст.

“Қазоқистон ба маркази қабули қарорҳои рақамӣ табдил ёфтааст ва дастгирии БОР дар ин соҳа барои мо аҳамияти махсус дорад”, — қайд намуд Даурен Кенбейл.

Ҳамчунин ҷонибҳо рушди иқтидори нақлиётӣ – логистикӣ, энергетикаи устувор ва татбиқи гузариши “сабз” – ро баррасӣ намуданд.

Дар доираи ҷаласа намояндагони Қазоқистон бо роҳбарияти БОР ва Бонки Сармоягузории инфрасохтории Осиё гуфтушунид намуданд. Ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳияи барномаи нави дастгирии буҷетии кишвар диққати махсус дода шуд.

Сурат: ВМ ҶҚ

error: