Остона, 5 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Сатҳи фавти навзод дар Қазоқистон дар соли 2025 ба ҳар 1000 навзод 3,04 ҳолатро ташкил дод. Ин беҳтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ ва тақрибан дар сатҳи ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мебошад. Маълумот дар ҳисоботи муштараки бонки Ҷаҳонӣ, СУТ, ЮНИСЕФ, СММ ва гурӯҳи байнисоҳавии IGME («Гурӯҳи байнисоҳавии арзёбии фавти кӯдакон»- Ай – Джи-Эм-И) нашр шудааст.

Неонатологҳо ва реаниматологҳо кӯдакони вазни хеле камро аз 500 грамм нигоҳубин мекунанд. Бо технологияи муосири перинаталӣ ва касбияти табибон, сатҳи зиндамонии чунин кӯдакон дар солҳои охир чор маротиба афзудааст. Дар як баст, ҳамшираи шафқат барои навзодон то 20 манипулятсияи дақиқро барои нигоҳ доштани ҳаёт иҷро мекунад. Дастгоҳҳо ва кормандон ҳар нафаси бадани хурдро шабонарӯзӣ назорат мекунанд.
Соли 2025 дар Қазоқистон тақрибан 17 ҳазор кӯдаки бармаҳал таваллуд шуданд ва ҳар кадоме аз онҳо маҷмӯи кӯмаки баландтехнологӣ гирифтанд.
Аксҳо: Вазорати Тандурустии ҶҚ
