Қазоқистон дар ҷаласаи ҲИМОМ дар Улан-Батор роҳравҳои нақлиётро баррасӣ намуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон дар ҷаласаи ҲИМОМ дар Улан-Батор роҳравҳои нақлиётро баррасӣ намуд

Улан-Батор, 11 июни соли 2026 АИ «Караван Инфо». Намояндагони Вазорати нақлиёти Қазоқистон дар 23-юмин ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии нақлиётии Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) ширкат варзиданд – барномаи минтақавие, ки 11 кишварро таҳти ҳамоҳангсозии бонки рушди Осиё муттаҳид мекунад.

Масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

• муосирсозии роҳравҳои байналмилалии нақлиётӣ,

• беҳтар намудани самаранокии хатсайрҳои транзитӣ,

• рушди автомагистралҳо,

• тақвияти ҳамбастагии нақлиётӣ байни кишварҳои иштирокчӣ.

Таваҷҷӯҳи махсус ба лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи роҳсозӣ ва бехатарии шабакаи нақлиётии минтақа равона намуда шуд.

Ҷониби Казоқистон ташаббусҳои миллиро пешбарӣ намуда, таҷрибаи худро дар соҳаи рушди инфрасохтори нақлиётӣ мубодила намуд.

Акс: Вазорати нақлиёти ҶҚ