Қазоқистон расман ба системаи шуғли қонунии Кореяи Ҷанубӣ ворид шуд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон расман ба системаи шуғли қонунии Кореяи Ҷанубӣ ворид шуд

Остона, 17 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Қазоқистон расман ба рӯйхати кишварҳои иштирокчии Системаи иҷозатномаҳои Корея дохил намуда шудааст. Ба барнома дохил намудани ҷумҳурӣ натиҷаи кори пайдарпайи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶҚ оид ба иҷрои супориши сарвари давлат буд.

Қазоқистон дар баробари давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Муғулистон 18-умин кишвари иштирокчии система гардид. Ҷалби мутахассисони Қазоқистон ба Ҷумҳурии Корея аз соли 2028 оғоз меёбад. То ин лаҳза тарафҳо бояд меморандуми байниҳукуматии ҳамдигарфаҳмиро имзо кунанд ва дар ҳудуди Қазоқистон маркази махсусро барои гузаронидани санҷиш оид ба забони кореягӣ ва ташхиси касбии интихобӣ кушоянд.

Моҳи январи соли 2026 ҳайати коршиносони Кореяи Ҷанубӣ омодагии инфрасохтори қазоқистонро арзёбӣ намуданд. Ҷониби Корея сатҳи баланди омодасозии институтҳои ҶҚ, шаффофияти расмиети интихоб ва инчунин омодагии пурраи Қазоқистонро барои ҳамкорӣ дар масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ тасдиқ намуд.

Аксҳо: МТСЗН