Қазоқистон ва Бонки Исломии рушд стратегияи нави шарикиро баррасӣ мекунанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Бонки Исломии рушд стратегияи нави шарикиро баррасӣ мекунанд

Остона, 10 июни соли 2026-АИ Караван Инфо. Намояндагони Вазорати экология ва захираҳои табиии Қазоқистон бо ҳайати бонки Исломии рушд (БИР) – и созмони байналмилалии молиявӣ мулоқот намуданд.

Бонк лоиҳаи Стратегияи шарикӣ бо Қазоқистонро пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо ҳамкориро дар панҷ самт баррасӣ намуданд:

  • ҳифзи муҳити зист
  • идоракунии захираҳои об
  • рушди устувор
  • рӯзномаи иқлим (чораҳои мубориза бо тағиребии иқлим)
  • ҷорӣ намудани технологияҳои муосири экологӣ

Ҷонибҳо ба ҳамкории минбаъда умед мебанданд.

Аксҳо: Вазорати экология ва захираҳои табиии ҶҚ