Қазоқистон ва Гурҷистон ҳамкориҳои нақлиётӣ ва хатсайри Транскаспиро тақвият хоҳанд дод
Остона, 30 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо муовини сарвазир – Роҳбари ВКХ-и Гурҷистон Мака Бочоришвили мулоқот намуд. Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, инчунин иҷрои созишномаҳои сатҳи олиро баррасӣ намуданд.

Ба рушди хатсайри байналмилалии нақлиётии Транскаспий (ХБНТ, роҳи Осиё ба Аврупо тавассути Каспий) диққати махсус дода шуд. Ҳамчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ гардид.
Вазирон сатҳи баланди муколама ва ҳамоҳангсозии сиёсиро дар арсаи байналмилалӣ қайд намуданд. Табодули афкор оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт. Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро муҳокима намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
