Остона, 10 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев бо Сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Юнон дар Қазоқистон Антония Катсуру мулоқот намуд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар форматҳои бисерҷониба ва ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро то охири сол муҳокима намуданд.

Ба ҳамкории энергетикӣ диққати махсус дода шуд. Ашикбоев аҳамияти кори устувори консорсиуми қубурҳои Каспиро қайд намуд, ки барои содироти нафти қазоқистон ба бозорҳои аврупо аҳамияти стратегӣ дорад. Зарурати таъмини бефосилаи захираҳои энергетикӣ, бехатарии киштиҳо ва озодии навигатсияи баҳриро таъкид намуданд.
Сафири Юнон Антония Катсуру омодагии худро барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва соҳаи гуманитарӣ тасдиқ намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсиро нигоҳ доранд ва шарикиро васеъ кунанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
