Қазоқистон ва Русия дар Маскав оид ба амнияти биологӣ машварат доир намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Русия дар Маскав оид ба амнияти биологӣ машварат доир намуданд

Остона, 1 июни соли 2026-АИ Караван инфо. Дар Маскав машваратҳои дуҷонибаи байнисоҳавии навбатӣ байни Қазоқистон ва Русия оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ баргузор шуданд.

Ҷонибҳо дар бораи вазъи амнияти биологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи иттилооти мубрам намуда, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар форматҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба баррасӣ намуданд.

Ба ҳамкорӣ дар заминаи пешбурди ташаббуси президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев оид ба таъсиси агентии Байналмилалии амнияти биологӣ диққати махсус дода шудааст.

Ҷонибҳо манфиати мутақобиларо дар густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубодилаи илмӣ, тайер намудани мутахассисони профилӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба мониторинги вазъи эпидемиологӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ