Қазоқистон ва Туркия шарикии стратегиро тақвият медиҳанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Туркия шарикии стратегиро тақвият медиҳанд

Анкара, 7 августи 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев дар ҷараёни сафари корӣ ба Пойтахти Туркия Анкара бо ҳамкорони турк муовини Вазири корҳои хориҷӣ Айше Беррис Экинҷӣ ва Мусо Кулакликая гуфтушунид намуд. Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи муносибатҳоро дар асоси шарикии васеи стратегӣ баррасӣ намуданд. Сухан дар бораи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ – гуманитарӣ мерафт.

Дипломатҳо дар бораи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дар бораи рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Барои татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада қадамҳои мушаххас муайян намуда шуданд. Роҳҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони давлатҳои туркӣ баррасӣ шуданд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ