Қазоқистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории дуҷонибаро рушд диҳанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории дуҷонибаро рушд диҳанд

Остона, 6 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Куантиров сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) Лунгисани Нтомбеларо қабул намуд. Дипломат нусхаҳои эътимодномаҳоро (ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои ӯро тасдиқ мекунанд) супорид.

Ҷонибҳо рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, густариши шарикии тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории фарҳангӣ – гуманитариро баррасӣ намуданд. Куантиров сафирро бо таъин шуданаш табрик гуфт ва изҳори боварӣ намуд, ки рисолати ӯ муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоро тақвият хоҳад дод.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории фаъолро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба нигоҳ доранд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ