Душанбе, 02 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид номаи (резолютсияи) пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард, ки мувофиқи он аз соли 2027 санаи 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, эмин ва боэътимод эълон карда мешавад.

Қабули ин резолюция давоми мантиқии фаъолияти пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (ИИ) ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои навин мебошад.
Ин ташаббус пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла резолюцияи Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро инкишоф медиҳад.
Интихоби 31 август ҳамчун санаи Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Дар ин рӯз соли 1955 Лоиҳаи тобистонаи тадқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда буд, ки ташаббуси бузурги илмӣ маҳсуб ёфта, бо ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили тадқиқот ва пайдоиши худи истилоҳи «зеҳни сунъӣ» робитаи зич дорад.
Эълон гардидани Рӯзи байналмилалӣ як платформаи ҳарсолаи глобалиро барои таваҷҷуҳи бештари байналмилалӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ ва идоракунии зеҳни сунъии бехатар, эмин ва боэътимод, инчунин барои мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар ин ҷода фароҳам меорад.
Дар резолюция ба муассисаҳо, барномаҳо ва фонду созмонҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Раёсати СММ оид ба масъалаҳои рақамӣ ва технологияҳои навин, Бонки технологияҳои СММ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ЮНЕСКО даъват ба амал омадааст, ки ба давлатҳои аъзо дар таҳияи барномаҳои таҳкими зарфият дар соҳаи зеҳни сунъӣ кӯмак расонанд ва ба таҷлили ҳарсолаи ин Рӯзи байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Қабули ин резолюция саҳми арзандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ буда, содиқ будани кишварро ба пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ба хотири рушди устувор ва ба нафъи тамоми башарият тасдиқ мекунад.
АКС: Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод. Avesta.tj.
