Душанбе, 17 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо вуҷуди ноустувории бозори сӯзишвории Федератсияи Россия ва афзоиши арзиши маҳсулоти нафтии воридотӣ, мақомоти Тоҷикистон ба вуҷуд омадани норасоии сӯзишворӣ дар бозори дохилиро пешбинӣ намекунанд. Дар Ҳукумат таъкид мекунанд, ки вазъ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, ҳамзамон бо идомаи воридот аз Россия роҳҳои алтернативии таъминоти сӯзишворӣ низ мавриди омӯзиш қарор доранд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, беш аз 90 фоизи маҳсулоти нафтӣ анъанавӣ аз Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ворид мешавад. Аз ин рӯ, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишвории Россия бевосита ба вазъи бозори дохилии Тоҷикистон таъсир мерасонад.
«Тағйирот дар бозори Россия мустақиман ба бозори дохилии кишвари мо таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, сохторҳои давлатӣ роҳҳои алтернативии таъминоти сӯзишвориро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Давлатҳои дигари истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафтӣ низ мавҷуданд ва таъминот идома дорад, бинобар ин барои нигаронӣ асос вуҷуд надорад», — изҳор дошт роҳбари хадамот.
Ӯ таъкид намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазъи бозори сӯзишвориро мунтазам назорат карда, маълумоти дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Барои вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои беасос боло бурдани нархҳо назди роҳбарияти хадамот ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон 243,1 ҳазор тонна бензин ба маблағи умумии 196 миллион доллари ИМА ворид кардааст. Арзиши миёнаи як тонна 807 доллар-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 доллар ё 8,2 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон ҳаҷми воқеии воридот 1,8 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Дар шабакаҳои чакана бензини тамғаи АИ-92 бо нархи 11,5–12 сомонӣ барои як литр фурӯхта мешуд.
Ҳаҷми воридоти сӯзишвории дизелӣ ба 300 ҳазор тонна расида, арзиши умумии он 236,8 миллион доллар-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми воридот 35,4 ҳазор тонна зиёд гардида, арзиши миёнаи як тонна ба 789 доллар расид, ки нисбат ба соли гузашта 32 доллар ё 4,2 фоиз бештар аст. Нархи чаканаи дизел дар бозор аз 15 то 16,7 сомонӣ барои як литр-ро ташкил медод.
Ҳамзамон воридоти гази моеъ низ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ 241 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 164,3 миллион доллар ворид намуд. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми таъминот 64,1 ҳазор тонна зиёд шуда, арзиши миёнаи воридотӣ қариб бетағйир монда, 681 доллар барои як тонна-ро ташкил дод. Дар нуқтаҳои фурӯши чакана гази моеъ бо нархи 6,4–6,8 сомонӣ барои як литр пешниҳод гардид.
Федератсияи Россия ҳамоно таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ боқӣ монда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии воридот 91,1 фоиз-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи Беларус 2,8 фоиз, Туркманистон 1,9 фоиз, Қазоқистон 1 фоиз, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳар кадом 0,9 фоиз буда, ба дигар кишварҳо тақрибан 1,5 фоиз рост меояд.
Дар айни замон, тайи се ҳафтаи охир дар бозори дохилӣ камбуди сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад. Дар як қатор нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе дизел муваққатан дастрас нест ва дар ҷойҳое, ки мавҷуд аст, нархи он аз 17 сомонӣ барои як литр боло рафтааст. Барои муқоиса, то оғози вазъи кунунӣ як литр дизел тақрибан бо 13 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ба андешаи таҳлилгарон, вазъи кунунӣ вобастагии баланди бозори сӯзишвории Тоҷикистонро аз таъминоти хориҷӣ, пеш аз ҳама аз бозори Россия, нишон медиҳад. Ҳамзамон диверсификатсияи манбаъҳои воридот ва тавсеаи ҷуғрофияи таъминот метавонад устувории бозори дохилиро нисбат ба тағйироти беруна ва ноустувории нархҳо тақвият бахшад.
Дар шароити афзоиши талаботи дохилӣ ва зиёд шудани истеъмоли мавсимии сӯзишворӣ, рушди роҳҳои алтернативии логистикӣ ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими амнияти энергетикии кишвар табдил меёбад.
Дар нишасти матбуотӣсардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲайдаралӣ Раҷабзода хабар дод, ки рӯзҳои17–18 сентябри соли 2026дар Душанбеҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)баргузор мегардад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти Хадамот инчунинба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатии танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чинмебошад.
Ёддошти мазкур васеъ намудани ҳамкориҳои касбӣ, табодули иттилоот ва таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи рақобат, такмили механизмҳои танзими давлатии бозорҳо ва баланд бардоштани самаранокии назорати зиддиинҳисориро пешбинӣ менамояд.
Коллаж: Азия+.
