Душанбе, 14 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар яке аз марказҳои бузурги саноатии ин кишвар — шаҳри Чунсин 13 май идома ёфт. Имрӯз ин шаҳр ҳамчун яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои истеҳсолоти баландтехнологӣ ва саноати инноватсионӣ шинохта мешавад.

Нахустин банди барномаи сафари Сарвари давлат боздид аз корхонаи саноатии «Серес» гардид, ки ба истеҳсоли автомобилҳои тамғаи «Huawei Aito» ихтисос ёфтааст. Дар ҷараёни боздид ба Президенти Тоҷикистон маълумоти муфассал дар бораи иқтидорҳои истеҳсолӣ, имкониятҳои технологӣ ва усулҳои муосири ташкили раванди саноатӣ пешниҳод карда шуд.
Роҳбарияти ширкат иттилоъ дод, ки сохтори корхона аз чандин маҷмааи бузурги истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар як корхонаи автомобилсозӣ ҳудуди 1500 мутахассис фаъолият мекунанд. Дар ин корхона ба татбиқи низомҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад, ки онҳо назорати сифат, автоматикунонии истеҳсолот ва идоракунии равандҳои технологиро таъмин менамоянд.

Ин боздид танҳо қисми маросимии сафар набуд, балки инъикоси таваҷҷуҳи рӯзафзуни Тоҷикистон ба технологияҳои муосири саноатӣ ва рақамикунонии иқтисод маҳсуб мешавад. Дар шароити пешбурди сиёсати саноатикунонии босуръат ва навоварӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи ширкатҳои баландтехнологии Чин аҳамияти стратегии махсус пайдо мекунад.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони соҳаҳои марбутаи саноати Тоҷикистон дастур дод, ки ҳамкории самаранокро бо чунин корхонаҳои Чин ба роҳ монанд. Ин иқдом метавонад барои густариши ҳамкории технологӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷалби роҳкорҳои нави истеҳсолӣ ба саноати Тоҷикистон замина фароҳам оварад.

Интихоби маҳз шаҳри Чунсин барои идомаи сафар низ рамзӣ ба назар мерасад. Ин шаҳр яке аз марказҳои муҳими саноатӣ ва логистикии Чин буда, дар он автомобилсозӣ, технологияҳои рақамӣ, истеҳсолоти роботӣ ва кластерҳои инноватсионӣ босуръат рушд мекунанд. Барои Тоҷикистон чунин таҷриба дар шароити ташаккули модели нави рушди саноатӣ аҳамияти махсус дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон
