Остона, 22 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод мекунад, ки муносибати омодасозии кадрҳои тиббӣ тағйир дода шавад. Шумораи мутахассисон бо назардошти эҳтиёҷоти воқеии системаи тандурустӣ ва вазъи ҳар як минтақа муайян намуда мешавад.

“Механизми нав имкон медиҳад, ки аз равиши умумӣ ба банақшагирии тайёр намудани табибон бо назардошти эҳтиеҷоти воқеии минтақаҳо гузарем.”
Лоиҳаи қоидаҳои нав пешгӯии эҳтиёҷоти кадрҳо, муайян намудани минтақаҳои кам ё зиёдатии мутахассисон ва ҳисоб намудани шумораи зарурии ҷойҳои омӯзиширо пешбинӣ мекунад. Фармоиши давлатии таълимӣ низ бо назардошти эҳтиёҷоти вилоятҳо ва шаҳрҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба минтақаҳое, ки норасоии табибон ба назар мерасад, диққати махсус дода мешавад. Дар айни замон, онҳо ният надоранд, ки ҳаҷми умумии тайёрии табибонро коҳиш диҳанд — сухан дар бораи тақсимоти дақиқи захираҳои таълимӣ ва тайёр намудани мутахассисони серталаб меравад.
Вазорати тандурустӣ умедвор аст, ки системаи нав ба коҳиши касри кадрҳо, баланд бардоштани самаранокии сиёсати кадрҳо ва беҳтар намудани дастрасии кӯмаки тиббӣ мусоидат мекунад.
Лоиҳа дар портали “НПА-и кушода” барои муҳокимаи оммавӣ то санаи 3 август нашр шудааст.
Акс аз ҷониби ЗС тавлид шудааст
