Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ баргузор шуд - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ баргузор шуд

Душанбе, 02 октябр — АИ «Корвон Иттилоот».1 октябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои иштирокдори ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, инчунин Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хатарноки ҷинояткорӣ дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрами таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, муқовимат бо ҷинояткорӣ ва такмили механизмҳои байнидавлатии ҳамкориро баррасӣ карданд.

Зимни ҷаласа самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазоратҳои корҳои дохилӣ ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷойгоҳи марказиро таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштарак оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2029–2033 ишғол намуд.

Қисми муҳими рӯзномаи ҷаласа ба ҳамкории рақамӣ бахшида шуд. Ҷонибҳо дурнамои табодули электронии иттилоот, аз ҷумла гузоштан ва баровардани воситаҳои нақлиёт аз қайд, додани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ, инчунин такмили мубодилаи иттилоот ҳангоми ташаккули Бонки байнидавлатии иттилоотиро баррасӣ карданд.

Иштирокдорон ҳамчунин лоиҳаи Созишнома оид ба табодули иттилооти геномӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва консепсияи лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуданд.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба шаклҳои нави ҷинояткорӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона гардид. Аз ҷумла, пешниҳоди баргузории машваратҳои роҳбарони воҳидҳои махсусгардонидашудаи мақомоти корҳои дохилии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ҳамкории Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ бо Шӯрои роҳбарони воҳидҳои разведкаи молиявии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти муқовимат бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид.

Дар қатори масъалаҳои дигар такмили кофтукови байнидавлатии шахсон, истифодаи амалҳои тафтишотии фосилавӣ, инчунин ташкили фаъолияти қисмҳои навбатдор ва марказҳои идоракунии оперативӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз 6 марти соли 1998 ва Низомномаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокдори ИДМ баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул карданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суръат бахшидани табодули иттилоот равона шудаанд.

Ҷаласа дар Душанбе самтҳои асосии ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муайян намуд, аз ҷумла вокуниш ба ҷинояткории фаромиллӣ, таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокдори ИДМ соли 2027 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

ФОТО: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.