Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бунёди маркази муосири логистикӣ баррасӣ мешавад: тақвияти иқтидори транзитии кишвар - ИА Караван Инфо
Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бунёди маркази муосири логистикӣ баррасӣ мешавад: тақвияти иқтидори транзитии кишвар

Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои татбиқи лоиҳаи таъсиси маркази муосири логистикӣ дар гузаргоҳи назоратию сарҳадии «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода идома доранд. Ин ташаббус ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин таҳкими мавқеи кишвар дар масирҳои минтақавии тиҷоратӣ арзёбӣ мегардад.

Масъалаҳои вобаста ба таҳияи асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии лоиҳа зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ инчунин мутахассиси калони БАТР оид ба рушди соҳаи нақлиёт ва татбиқи лоиҳаҳо Гарри Карандейнос, ҳамчунин намояндагони ширкатҳои аврупоии ETECON аз Сербия ва Ecoline International Ltd аз Булғористон иштирок намуданд.

Лоиҳа бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ гардида, ширкатҳои мазкур ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва таҳлилии он ҷалб шудаанд. Дар марҳилаи аввал ҷонибҳо масъалаҳои ҳуқуқӣ, техникӣ ва иқтисодии таъсиси маркази логистикиро дар гузаргоҳи «Дӯстӣ» мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Интизор меравад, ки пас аз анҷоми таҳлил ва омода гардидани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа оғоз шаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, мавқеи ҷуғрофии гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар яке аз серҳаракати самтҳои сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ташкили маркази муосири логистикӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Рушди чунин инфрасохтор метавонад ба беҳтар шудани хизматрасониҳои ҳамлу нақли бор, коҳиши вақти гузариши борҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ мусоидат намояд.

Лоиҳаи мазкур инчунин ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон оид ба табдил ёфтан ба яке аз ҳалқаҳои муҳими долонҳои байналмилалии нақлиётии Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад. Солҳои охир ҷумҳурӣ ба навсозии роҳҳо, рушди инфрасохтори сарҳадӣ ва густариши имкониятҳои логистикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои афзоиши гардиши мол ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вазъи кунунии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар бахши роҳу нақлиёт ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баррасӣ гардид.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи соҳаи нақлиёти кишвар изҳори сипос намуда, аҳамияти густариши ҳамкориҳоро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегии инфрасохторӣ таъкид кард.

Ба арзёбии мутахассисон, таъсиси маркази логистикӣ дар гузаргоҳи «Дӯстӣ» метавонад омили муҳими баланд бардоштани ҷолибияти транзитии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди иқтисодӣ барои минтақаҳои наздисарҳадӣ гардад.

Акс: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон