Душанбе, 2 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи ҶДММ «Сирдарё»-ро, ки ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва афшураҳои мевагӣ машғул аст, мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо ташаббуси соҳибкорон — бародарони Каримзода бунёд гардидааст. Дар он панҷ хатти технологии истеҳсолӣ насб шуда, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, афшураҳои мевагӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона 240 тонна афшураи мевагӣ ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашиканро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 85 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Истифодаи таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ сари вақт коркард ва бастабандӣ шуда, талафоти меваю сабзавот коҳиш ёбад. Ҳамзамон, ҳаҷми коркарди ашёи хоми маҳаллӣ зиёд ва имкониятҳои содиротии маҳсулоти ватанӣ васеъ мегарданд.
Хатҳои технологии аз кишварҳои пешрафта воридшуда барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи талаботи муқарраршуда ва истеҳсоли маҳсулоти табиӣ дар заминаи саноатӣ шароит фароҳам меоранд.
Бунёди чунин корхонаҳо дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат — аҳаммияти муҳим дошта, ба рушди робитаи соҳаи кишоварзӣ бо саноат ва афзоиши арзиши иловагии ашёи хоми ватанӣ мусоидат мекунад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои соҳавӣ зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои байналмилалӣ талаботдошта таъкид намуданд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, дар онҳо тақрибан 900 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
