Душанбе, 3 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар деҳаи Ободи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат муассисаи хусусии таълимии «Идрок»-ро ба истифода доданд.

Литсей аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аноркул Ҷӯразода бунёд гардида, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 хонанда пешбинӣ шудааст. Таъсиси муассиса ба васеъ намудани имкониятҳои таълимӣ дар ноҳия, беҳтар кардани шароити таҳсилу тарбия ва баланд бардоштани сифати маориф равона гардидааст.
Бинои литсей бо дарназардошти талаботи соҳаи маориф сохта шудааст. Дар он синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон ташкил карда шудаанд.
Инфрасохтори фароҳамшуда барои ташкили раванди мукаммали таълим, ҳамоҳанг намудани азхудкунии донишҳои назариявӣ бо машғулиятҳои амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат мекунад. Истифодаи технологияҳои муосир ва мавҷудияти кабинетҳои махсус имкониятҳои таълими фанҳои гуногунро васеъ менамояд.
Дар ҳудуди муассиса ҳамчунин майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст, ки барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни хонандагон пешбинӣ шудааст.
Қисми муҳими инфрасохтори муассиса маҷмааи варзишие мебошад, ки дар назди литсей сохта шудааст. Толори барҳавои он барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар фасли сармо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмаа ҳамчунин толори тамринӣ бо таҷҳизоти муосири варзишӣ мавҷуд аст. Он барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машқҳои мунтазами варзишӣ ва таҳкими саломатии онҳо имкониятҳои иловагӣ фароҳам месозад.
Бо ба истифода додани литсей 25 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ҳамин тариқ, лоиҳа дар баробари рушди инфрасохтори таълимӣ ба васеъ шудани имкониятҳои шуғл дар ноҳия низ мусоидат мекунад.
Зимни шиносоӣ бо муассиса Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шароити фароҳамшуда ва ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд. Пешвои миллат аҳаммияти иштироки бахши хусусиро дар бунёди иншооти муосири таълимӣ ва рушди низоми таълиму тарбияи насли наврас таъкид карданд.
Ба истифода додани литсейи «Идрок» қадами навбатӣ дар самти васеъ намудани имкониятҳои таҳсил дар ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани муҳити муосир барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва эҷодии хонандагон мебошад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
