Дар шаҳри Алмато намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад - ИА Караван Инфо
Дар шаҳри Алмато намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад

Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзҳои 27–28 июн дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор мегардад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, инчунин маҳсулоти нонӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳ-фурӯш баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, баргузории намоишгоҳ-фурӯш ба тавсеаи бозори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин, чорабинӣ барои муаррифии бештари маҳсулоти ватанӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни ду кишвари ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам меорад.

Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон