Душанбе, 16 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бизнес-форуми тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии форум муаррифии иқтидор ва имкониятҳои иқтисодии ду минтақа, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои роҳандозии шарикӣ миёни соҳибкорон ва ширкатҳои ҳарду ҷониб арзёбӣ гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини губернатори музофоти Шэнсӣ Ли Сзюхун ҳайати вилояти Суғдро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки баргузории чунин форум барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузории ду ҷониб имкониятҳои нави ҳамкориро фароҳам хоҳад овард.
Таъкид гардид, ки музофоти Шэнсӣ яке аз минтақаҳои пешрафтаи саноативу иқтисодии Чин ба шумор рафта, дар бахшҳои мошинсозӣ, технологияҳои интеллектуалӣ, рақамикунонии истеҳсолот, коркарди маъданҳои нодир, истеҳсоли микросхемаҳои электронӣ, техникаи маишӣ, технологияҳои муосири кишоварзӣ, илму маориф ва дигар самтҳои муҳими иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Зикр шуд, ки музофот барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғд, омодагии комил дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ дар бизнес-форум баргузории чунин ҳамоишро қадами муҳиму созанда дар роҳи таҳкими муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуда, аз рушди босуръати ҳамкориҳои вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2025 аз 1 миллиард доллари ИМА гузашта, танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 775 миллион доллар расидааст.

Раиси вилоят афзуд, ки дар чанд соли охир ба иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 4 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, айни замон 27 лоиҳаи бузурги давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 300 миллион доллар дар бахшҳои саноат, энергетика, инфрасохтор ва кишоварзӣ амалӣ шуда истодааст, ки ин аз эътимоди афзояндаи шарикони байналмилалӣ ба имкониятҳои иқтисодии вилоят шаҳодат медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд имрӯз бо 65 кишвари ҷаҳон ва як қатор институтҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дорад. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад, барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоиди имтиёзнок фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки бахши кишоварзӣ низ дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, ҳамкорӣ дар самтҳои пахтакорӣ, боғдорӣ, токпарварӣ ва чорводорӣ метавонад манфиати муштарак дошта бошад. Ҳамзамон, мавзеъҳои таърихӣ ва иқлими мусоиди вилояти Суғд барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои фаровон доранд.

Дар ҷараёни форум намояндагони доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб фаъолият ва имкониятҳои худро муаррифӣ намуда, оид ба роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Пас аз анҷоми қисми расмии форум мулоқотҳои рӯ ба рӯи соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ дар шакли B2B баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои нав, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи тарҳҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
