Дар Тоҷикистон масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва наврасон баррасӣ шуданд - ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва наврасон баррасӣ шуданд

Душанбе, 26 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба занон, навзодон, кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон зимни мулоқоти намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар кишвар, доктор Цяо Цзянжун, бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Зулфия Абдусаматзода ва гурӯҳи мутахассисони соҳаи ҳифзи саломатии модару навзод ва кӯдак баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни мулоқот таъкид карданд, ки сармоягузорӣ ба саломатии модарон, навзодон, кӯдакон ва наврасон заминаи муҳими ташаккули ҷомеаи солим ва устувор буда, яке аз шартҳои асосии таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд ба сифати хизматрасонии тиббӣ, мавҷудияти кадрҳои баландихтисос ва фароҳам овардани шароит барои такмили пайвастаи донишу малакаи касбии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.

Ба густариши таҷрибаҳои самараноки тиббӣ, ки бар асоси далелҳои илмӣ таҳия шудаанд, инчунин таъмини дастрасии одилона ба хизматрасониҳои тиббӣ барои тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ бояд новобаста аз маҳалли зист ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ таъмин карда шавад.

Доктор Цяо Цзянжун омодагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ -ро барои идомаи дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон бори дигар тасдиқ кард.

Ин дастгирӣ таҳкими иқтидори институтсионалӣ, таҳия ва бознигарии дастурҳо ва протоколҳои клиникӣ, татбиқи ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар тамоми сатҳҳои низоми тандурустӣ, инчунин мусоидат ба табодули таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадам миёни кишварҳоро дар бар мегирад.

Ба зарурати фарогирии минтақаҳои дурдаст ва ноҳияҳое, ки бо норасоии хизматрасониҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Зикр гардид, ки ҳар як зан, навзод, кӯдак ва наврас бояд новобаста аз маҳалли зист ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ дастрасӣ дошта бошад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатии занон, кӯдакон ва наврасон дар тамоми кишвар тасдиқ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон