Душанбе, 02 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд, ки ҳамчун мақоми доимамалкунандаи машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои муосирро ҳамоҳанг хоҳад кард.

Фармони дахлдор 23 майи соли 2026 қабул гардида, дар портали ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.
Тибқи Низомномаи тасдиқшуда, роҳбарии Шӯро ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ муовини раиси он хоҳад буд. Чунин сохтор аз аҳамияти стратегии рушди иқтисоди рақамӣ барои сиёсати давлатии кишвар шаҳодат медиҳад.
Ба ҳайати Шӯро муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазирони адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ шомил гардидаанд. Директори Агентӣ ҳамзамон вазифаи котиби Шӯроро иҷро мекунад.
Тибқи ҳуҷҷат, Шӯро барои таъмини татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва бахши хусусӣ фаъолият хоҳад кард.
Аз ҷумла вазифаҳои асосии Шӯро муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди он, таъмини муколамаи доимӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ, анҷом додани таҳқиқоту таҳлилҳо, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, рушди зерсохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта мебошанд.
Таъсиси Шӯро идомаи мантиқии сиёсати давлатии рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад. Қаблан дар ҷумҳурӣ Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 қабул гардида буд. Ҳамчунин солҳои 2025–2030 дар Тоҷикистон ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудаанд.
Ба андешаи коршиносон, таъсиси чунин сохтори ҳамоҳангсоз дар сатҳи олӣ аз оғози марҳилаи нави татбиқи амалии сиёсати рақамӣ дарак медиҳад. Дар шароити кунунӣ иқтисоди рақамӣ на танҳо як самти технологӣ, балки омили муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Аҳамияти Шӯро дар он низ зоҳир мегардад, ки он метавонад ба ҳамоҳангсозии ҳамаи ташаббусҳои рақамӣ дар сатҳи миллӣ мусоидат намуда, барои рушди ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, иқтисоди инноватсионӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои рақамии Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Акс: fintech-retail.com
