Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси нави вилоят муаррифӣ гардид - ИА Караван Инфо
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси нави вилоят муаррифӣ гардид

Душанбе, 20 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 18 июл  таҳти роҳбарии ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Асадулло Раҳмон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бинобар вафот аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ба вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардидани Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба самъи ҳозирин расонд.

Гуфта шуд, ки кору пайкори созанда ва номи неки собиқ раиси вилоят шодравон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд ва имрӯз зарур аст, ки аҳли зиё, фаъолон ва сокинон баҳри пурра амалӣ кардани нақшаву ниятҳояшон ба хотири истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии раиси навтаъин Сафарзода Шарифхон камари ҳиммат банданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон ҷиҳати аз ҷониби Пешвои миллат сазовор дониста шуданаш ба ин мақом изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки тамоми фаъолияти кориро аз пештара бештар намуда, баҳри истиқболи арзанда аз ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми таҷриба, маҳорат ва дониши худро равона хоҳад кард.

АКС: МИҲД – и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон