Душанбе, 5 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 ноябр XI Аксияи байналмилалии маърифатии «Диктанти бузурги этнографӣ» оғоз гардид, ки то 12 ноябр идома меёбад. Тоҷикистон низ ба ин иқдом ҳамроҳ шуд. Яке аз майдонҳои баргузории он «Хонаи русӣ» дар шаҳри Душанбе буд, ки дар он тақрибан 50 нафар дониши худро санҷиданд.

Иштирокчиён бояд ба 30 савол оид ба фарҳанг, анъана ва таърихи халқҳои Русия ҷавоб медоданд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 300 нафар ба ин аксия ҳамроҳ шудаанд.
Имсол «Диктанти бузурги этнографӣ» ба Ҳафтаи байналмилалии «Халқҳои Русия» бахшида шудааст, ки дар доираи Соли ваҳдати халқҳои Русия баргузор мегардад. Мавзуи асосии аксия «Ҳамбастагии давлатҳо тавассути ваҳдати халқҳо ва арзишҳои суннатӣ» мебошад.

Ин иқдом ба густариши дониш дар бораи гуногунрангии таърихию фарҳангӣ, таҳкими таваҷҷуҳ ба анъанаҳои халқҳои гуногун ва рушди муколамаи байнифарҳангӣ равона шудааст. Аксия намояндагони синну сол ва миллатҳои гуногунро муттаҳид намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дониши худро санҷида, дар бораи таърих ва расму оини халқҳои Русия маълумоти бештар ба даст оранд.
Хоҳишмандон метавонанд то 12 ноябр ба аксия ҳамроҳ шуда, дар диктанти этнографӣ иштирок намоянд.
Акс: Хонаи русӣ дар Душанбе
