Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мешавад - ИА Караван Инфо
 Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мешавад

Душанбе, 03 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».   5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушодаи шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ — AI ALLEY («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор мешавад.

Фестивал аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, аз соати 17:00 то 22:00 идома меёбад.

Дар доираи чорабинӣ ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои IT, таҳиягарон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрӣ гирди ҳам меоянд. Иштирокчиён метавонанд тавассути намоишҳо, омӯзишҳо, озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ шинос шуда, дар озмунҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шаванд.

Дар фестивал барои иштирокчиён чаҳор минтақаи асосӣ ташкил карда мешавад. Дар MAIN STAGE маросими расмии ифтитоҳ, баромадҳои амалӣ, намоиши лоиҳаҳо, озмунҳо, маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи ниҳоӣ баргузор мегардад.

Дар EXHIBITION ZONE ширкатҳои IT, ташкилотҳо, стартапҳо ва муассисаҳои таълимӣ технологияҳо ва лоиҳаҳои амалии худро муаррифӣ мекунанд. AI EDUCATION ZONE барои баргузории мастер-классҳо, лексияҳои кӯтоҳ, машваратҳои касбӣ ва машғулиятҳои амалӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар AI DISCO ZONE барномаи фароғатӣ бо мусиқӣ, эффектҳои визуалии рақамӣ, робот-DJ, бозиҳо ва барномаҳои интерактивии рақсию фароғатӣ пешниҳод мешавад.

Ташкилкунандагон ҳадаф доранд, ки тавассути ин фестивал имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосири рақамиро ба доираи васеи сокинон муаррифӣ намуда, барои шиносоӣ, омӯзиш ва табодули таҷриба миёни мутахассисон, ҷавонон ва ҷомеа муҳити муносиб фароҳам оваранд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон