Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Моҳи октябр пойтахти Тоҷикистон ба майдони муколамаи байналмилалии театрӣ табдил меёбад. Аз 21 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе VIII Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мегардад.

Дар ин бора Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ба ҷашнвора гурӯҳҳои эҷодӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Беларус, Ҳиндустон, Чин ва Муғулистон даъват шудаанд. Иштироки ҳайатҳои байналмилалӣ ба густариши табодули касбӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни аҳли театри кишварҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.
Ҷашнвораи «Чодари хаёл» аз ҷониби Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи санъати лӯхтак, эҳё ва рушди минбаъдаи театри суннатии лӯхтаки мардуми тоҷик, баланд бардоштани сатҳи тарбияи зебоишиносӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии насли ҷавон аз ҳадафҳои асосии он мебошанд.
Тоҷикистонро дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Бӯстон, Бохтар ва Душанбе намояндагӣ мекунанд. Театри лӯхтаки Душанбе намоишномаи дорои мазмуни миллӣ омода мекунад, ки тамошобинонро бо суннатҳои фарҳангӣ, таърих ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик ошно месозад.
«Чодари хаёл» на танҳо майдони пешниҳоди намоишномаҳо, балки фазои табодули касбӣ ва фарҳангӣ низ хоҳад буд. Иштирокдорон тавассути забони театри лӯхтак имконият пайдо мекунанд, ки анъанаҳо ва образҳои миллии худро муаррифӣ намуда, ҳамзамон бо фарҳанги театрии кишварҳои дигар ошно шаванд.
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Тоҷикистон аз соли 2007 дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. VIII Ҷашнвораи «Чодари хаёл» аз 21 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
АКС: Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе.
