Душанбе, 22 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Пойтахти Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои байналмилалии худро дар сатҳи шаҳрҳо идома медиҳад. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода ҳайати шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот ҳамчун қадами навбатӣ дар таҳкими ҳамкориҳои мустақими байни Душанбе ва яке аз бузургтарин марказҳои иқтисодӣ ва саноатии Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти рушди шаҳрҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисод, саноат, шаҳрсозии муосир, татбиқи технологияҳои «шаҳрҳои ҳушманд», инчунин маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасии муфассал қарор доданд.
Таъкид гардид, ки рушди робитаҳои мустақими байни шаҳрҳо на танҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, балки ба мубодилаи таҷрибаи пешрафта дар самти идоракунии инфрасохтори шаҳрӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои коммуналӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Тавсеаи шарикӣ бо шаҳри Чонгчин, ки яке аз марказҳои бузурги саноат, логистика ва технологияҳои пешрафтаи Чин ба ҳисоб меравад, ба сиёсати шаҳри Душанбе дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии шаҳр, рушди рақамикунонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ пурра мутобиқ мебошад.
Мулоқоти баргузоршуда бозгӯи рушди пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин буда, нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои байнишаҳрӣ ба яке аз василаҳои муҳими ҷалби сармоя, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва рушди устувори шаҳрӣ табдил ёфта истодаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
