Хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз корномаи давлатсозии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи Президент оғоз ёфтанд - ИА Караван Инфо
Хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз корномаи давлатсозии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи Президент оғоз ёфтанд

Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайрҳои сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтанд.

Хатсайрҳо бо мақсади шиносоии наздик бо таърихи давлатдории навини тоҷикон, марҳилаҳои муҳими ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, фаъолияти созанда ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат, инчунин баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар доираи ин иқдом кормандони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе, аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи тандурустӣ, ҷавонону варзишгарон, хонандагону донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахт фаро гирифта шуданд.

Рӯзи аввал кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии пойтахтро фаро гирифт.

Иштирокдорон нахуст аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боздид намуданд ва бо таърихи таъсисёбӣ, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти ҳизб, инчунин нақши он дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат шинос шуданд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, фаъолияти ниҳодҳои сиёсиву ҷамъиятӣ аҳамияти хосса дорад.

Дар идомаи барнома иштирокдорон ба кинотеатри «Ватан» ташриф оварданд ва филми мустанади «Пешвои миллат аз қалби мардум»-ро тамошо карданд.

Дар филм нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ инъикос гардид. Тавассути наворҳои ҳуҷҷатӣ марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, заҳмату талошҳои роҳбарияти давлат ва дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯӣ карда шуданд.

Пас аз намоиши филм намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва кормандони соҳаи маориф доир ба таассуроти худ, аҳамияти таҷлили Рӯзи Президент ва хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навин, барқарорсозии сулҳу субот ва рушди соҳаи маориф ибрози андеша намуданд. Иштирокдорон чунин иқдомҳои маърифатию фарҳангиро дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар доираи хатсайрҳо боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла «Толори туҳфаҳои Пешвои миллат», инчунин «Осорхонаи Пешвои миллат» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст. Зимни боздид иштирокдорон бо намунаҳои нодири туҳфаҳои расмӣ, осори таърихию фарҳангӣ ва маводи марбут ба фаъолияти давлатсозии Пешвои миллат аз наздик шинос хоҳанд шуд.

Хатсайрҳо на танҳо имконияти шиносоӣ бо мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангиро фароҳам оварданд, балки барои дарки амиқтари марҳилаҳои давлатсозии тоҷикон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан мусоидат намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

Акс: Dushanbe-travel