Душанбе, 3 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуда, бо дастовардҳои кишоварзони маҳаллӣ ва натиҷаҳои истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни картошка, сабзавот, мева ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маъраз гузошта шуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди картошкапарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ равона гардида буд.
Бо назардошти шароити мусоиди иқлимӣ ноҳияи Шаҳристон яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар соли 2026 ба 740,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 73,3 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Суръати афзоиш 111 фоизро ташкил додааст. Масоҳати кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 16,7 ҳазор гектарро дар бар гирифтааст.
Соли ҷорӣ картошка дар масоҳати 3 ҳазору 229 гектар кишт гардида, ҳаҷми истеҳсоли он ба 56 ҳазору 394 тонна расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари картошкапарварӣ, дар ноҳия 31 ҳазору 870 тонна ғалладона, 5 ҳазору 952 тонна сабзавот ва 2 ҳазору 962 тонна мева истеҳсол шудааст. То 1 октябри соли 2026 кишти тирамоҳӣ дар масоҳати 2 ҳазору 774 гектар гузаронида шудааст, ки ба 142 фоизи нақша баробар мебошад.
Афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат, такмили низоми обёрӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариш аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзон афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа дастуру тавсияҳо доданд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
