Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Ереван: ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамоҳангии талошҳои байналмилалиро тақозо мекунад - ИА Караван Инфо
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Ереван: ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамоҳангии талошҳои байналмилалиро тақозо мекунад

Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарварон оид ба гуногунии биологӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон — шаҳри Ереван баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ ба шумор мераванд. Ба гуфтаи ӯ, кишвар барои ҳамоҳанг намудани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор ва ташаккули заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ва стратегӣ чораҳои низомманд меандешад.

Тавре Президент иброз дошт, дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 қабул шудаанд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардидааст, ки дар байни онҳо Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ мавқеи махсус дорад.

Қисми алоҳидаи суханронӣ ба ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвоноти дар зери хатари нобудшавӣ қарордошта бахшида шуд. Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон дар баробари андешидани чораҳои миллӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи намудҳои осебпазир аҳамияти хос медиҳад.

Сарвари давлат аз ҷумлаи ташаббусҳои байналмилалӣ эълон гардидани 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мархурро бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ёдовар шуд. Ин сана ба ҳифз ва афзоиш додани саршумори намудҳои нодири ҳайвонот, инчунин беҳтар намудани муҳити зисти онҳо мусоидат мекунад.

Президент аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ такмили низоми мониторинг ва баҳисобгирии саршумори намудҳои нодирро номбар кард. Барои андешидани чораҳои муассири ҳифзи табиат назорати мунтазами ҳолати популятсияҳо ва дастрас будани маълумоти мукаммал дар бораи тағйироти муҳити табиӣ зарур аст.

Дар суханронӣ ҳамчунин хатарҳои экологӣ, ки бо тағйирёбии глобалии иқлим, таназзули экосистемаҳои табиӣ ва истифодаи ғайриоқилонаи замин алоқаманданд, баррасӣ шуданд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ин равандҳо ба биосфера таъсири харобиовар мерасонанд. Аз ин рӯ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфҳои марбут ба он қисми ҷудонашавандаи сиёсати дарозмуддати рушди устувори Тоҷикистон мебошад.

Президент зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалиро дар соҳаҳои захираҳои об, иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ таъкид намуд. Ин равиш робитаи мутақобилаи равандҳои экологиро инъикос мекунад: ҳолати пиряхҳо ва низоми об ба экосистемаҳои табиӣ таъсир мерасонад ва тағйирёбии иқлим фишорро ба муҳити зисти набототу ҳайвонот бештар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дар 25 соли охир тавассути ташаббусҳои глобалии худ, ки аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим саҳм мегузорад.

Ин ташаббусҳо ба татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, мусоидат мекунанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи «Раванди оби Душанбе» дар ин самт нақши муҳим доранд. Онҳо барои муколамаи сиёсӣ, таҳкими шарикӣ, мувофиқа намудани иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои оби СММ замина фароҳам меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки соли 2028 дар шаҳри Душанбе Конфронси оби СММ баргузор мегардад. Дар он натиҷаҳои умумии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки солҳои 2018–2028-ро дар бар мегирад, ҷамъбаст гардида, самтҳои минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи об муайян карда мешаванд.

Президент изҳори итминон намуд, ки масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла ҳифзи гуногунии биологӣ, дар муҳокимаҳои марбут ба рӯзномаи об ҷойгоҳи муҳим хоҳанд дошт. Ба арзёбии ӯ, натиҷаҳои конфронс метавонанд дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами ҳифзи гуногунии биологии сайёра саҳми назаррас гузоранд.

Дар бахши дигари суханронӣ Сарвари давлат ба аҳамияти пиряхҳо, қабати барф ва дигар унсурҳои криосфера таваҷҷуҳ зоҳир кард. Онҳо ҷузъҳои муҳими низоми табиии ташаккули захираҳои об ва нигоҳдории мувозинати экологӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои байналмилалии кишварро дар ин самт ёдовар шуд: бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард.

Қадами дигари муҳим эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба омӯзиш ва ҳифзи криосфера барои солҳои 2025–2034 буд, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса оғоз гардид.

Дар анҷоми суханронӣ Президент изҳори боварӣ намуд, ки саммит дар Ереван ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами экологӣ такони нав мебахшад.

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон