Эмомали Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони CITIC Group Corporation Limited Си Гохуа мулоқот намуд – ИА Караван Инфо
Эмомали Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони CITIC Group Corporation Limited Си Гохуа мулоқот намуд

Душанбе, 13 май, – АИ «Корвон Иттилоот». 11 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Шӯрои директорони ширкати «СИТИК Груп Корпорейшн Лимитед» (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, низоми бонкӣ, саноат ва истихроҷи маъдан зоҳир гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои самарабахш ва дарозмуддат таъкид карданд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, ҷонибҳо зарурати рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва густариши ҳамкории амалӣ байни Тоҷикистон ва ширкатҳои пешбари Чинро таъкид намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: