Кишоварзони қазоқистон 1,6 миллион тонна ғалларо кӯфтанд - ИА Караван Инфо
Кишоварзони қазоқистон 1,6 миллион тонна ғалларо кӯфтанд

Остона, 4 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Тибқи маълумоти оперативии ҳокимиятҳои вилоятӣ (қаз. акимат мақоми иҷроияи маҳаллӣ), кишоварзони қазоқистон 1,6 миллион тонна ғалларо кӯфтанд. Ҳосилнокии миёна аз ҳар гектар 19,1 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии ғалладона гандум 1 067 ҳазор тонна, арпа 456 ҳазор тоннаро ташкил дод. Инчунин 411 ҳазор тонна сабзавот, 11,5 ҳазор тонна картошка ва 228,7 ҳазор тонна зироатҳои полизӣ (тарбуз, харбуза, каду) ҷамъоварӣ намуда шуданд.

Майдони умумии кишт дар соли ҷорӣ ба 24,2 миллион га расид. Маҳсулоти ғалладона 15,6 миллион га, равғанӣ – 5,2 миллион га, хӯрокворӣ – 3,0 миллион га. Пахта дар 173,6 ҳазор га, картошка дар хоҷагиҳои ташкилшуда – дар 89,9 ҳазор га, лабалабуи қанндӣ – дар 23,8 ҳазор га кишт намуда шудааст.

Сурат: ВК ҶҚ