Душанбе, 11 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти тантанавӣ ба ифтихори яке аз санаҳои бузурги таърих — Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ рамзи хотира, ифтихор ва сипосгузории амиқ ба насли ғолибон гардид, ки ба башарият осмони софу сулҳ оварданд.
Директори театр Камолиддин Сайфиддинзода таъкид намуд:
«Бо таваҷҷуҳ ва талошҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо муносибати эҳтиёткорона ба таърих ҳифз мегардад. Мо корномаи бузурги гузаштагонамонро пос медорем ва чунин чорабиниҳо саҳми муҳими мо дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими дӯстии халқҳо мебошанд».

Шоми идона дар фазои ваҳдат ва хотираи равшан баргузор шуд. Аз саҳна сурудҳои машҳури солҳои ҷанг — аз «Катюша» то «День Победы» — садо доданд, ки тамошобинони наслҳои гуногунро муттаҳид намуда, корномаи бузурги халқро ба ёд оварданд.
Режиссёри-саҳнавӣ Зӯҳра Алиева буд. Дар барнома оркестри симфонӣ таҳти роҳбарии маэстро Анвар Шоймуродов, сарояндагони опера, ҳунармандони балет (омӯзгор-репетиторҳо — Ҳунарманди шоистаи РТ Александр Бахман ва Малика Калонова), хораи академӣ таҳти роҳбарии Ҳунарманди шоистаи РТ Елена Тиллоева, инчунин хори кӯдаконаи Мактаби санъати ба номи О. Ҳошим ва студияи рақсии кӯдаконаи «Nozanin Dance» иштирок намуданд.

Меҳмони вижаи чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорев буд, ки аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои таҳкими муколамаи таърихию фарҳангӣ таъкид кард.
Ин консерти идона на танҳо як чорабинии мусиқӣ, балки ёдоварии зиндаи корномаи қаҳрамонон, арҷгузорӣ ба хотираи онҳо ва изҳори сипоси самимӣ буд, ки дар ҳар нота эҳсос мегардид.

Акс: Муаллифи мундариҷаи рақамӣ Диловар Рашидов
