Остона, 10 июли соли 2026-АИ «Караван Инфо». Эътибор пайдо намудани Конститутсияи нави Қазоқистон оғози марҳилаи муҳими навсозии сиёсӣ ва рушди институтсионалии кишварро нишон медиҳад. Чунин ақидаро роҳбари Институти Чин ва Осиёи муосири академияи илмҳои Русия Александра Перминова изҳор дошт.

Ба гуфтаи коршинос, сухан на танҳо дар бораи қабули қонуни нави Асосӣ, балки дар бораи ташаккули модели навшудаи идоракунии давлатӣ меравад, ки идомаи мантиқии ислоҳоти дар кишвар гузаронидашуда гардид.
“Мо на он қадар дар бораи тағйири Конститутсия, балки дар бораи марҳилаи нави рушди институтсионалии давлат сухан меронем. Қазоқистон ба ин марҳила пай дар пай наздик шуд.
Вай қайд намуд, ки фаъолияти баланди шаҳрвандон дар раъйпурсии солҳои охир аз рушди муколамаи доимии байни давлат ва ҷомеа шаҳодат медиҳад. Ба ақидаи коршинос, маҳз дастгирии ҷамъиятӣ устувории қарорҳои қабулшударо таъмин мекунад.
Александра Перминова ба татбиқи амалии ислоҳоти конститутсионӣ диққати махсус дод. Қонунҳое, ки кори институтҳои нави давлатиро муайян мекунанд, аз ҷумла Курултай ва шӯрои Халқӣ (Халиқ кенеси) аллакай қабул намуда шудаанд.

“Ин дигаргунсозии инқилобӣ нест, балки рушди пайдарпайест, ки имкон медиҳад, ки системаи сиёсӣ бо нигоҳ доштани устувории давлат такмил дода шавад.”
Дар моҳҳои оянда Қазоқистон бояд институтҳои нави ҳокимиятро ташкил кунад, интихоботи Курултайро баргузор кунад ва номзадии ноиби президентро муайян намояд. Коршинос чунин мешуморад, ки кишвар ба давраи сохтмони амалии давлатӣ ворид мешавад, вақте, ки меъёрҳои конститутсионӣ дар системаи воқеии сиёсӣ ба кор шурӯъ мекунанд.
Илова бар ин, тағйирот дар низоми ҳизбӣ ва навсозии ҳайати кадрҳои мақомоти давлатӣ интизор меравад.
“Марҳилаи аз ҳама масъулиятнок танҳо оғоз меёбад. Ҳоло муҳим аст, ки меъёрҳои нави конститутсионӣ то чӣ андоза самаранок амалӣ намуда мешаванд.”
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи нави Қазоқистон расман санаи 1 июл эътибор пайдо намуда, дар рушди низоми сиёсии кишвар саҳифаи нав кушод.
Аксҳо: аз бойгонии шахсии Александра Перминова
