Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ озмун эълон кард - ИА Караван Инфо
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ озмун эълон кард

Душанбе, 08 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 оғоз намуд.

Озмун дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 таҳти №246 «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор гардида, ба қадрдонии беҳтарин намояндагони соҳа ва ҳавасмандсозии рушди минбаъдаи иқтидори туристии кишвар равона шудааст.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас гузоштаанд, метавонанд иштирок намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 15 августи соли 2026 идома меёбад.

Ғолибон дар даҳ номинатсия муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, ҷоиза барои номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин муассисаи табобатию фароғатӣ», «Беҳтарин маҷмааи сайёҳӣ», «Беҳтарин истироҳатгоҳ», «Беҳтарин осорхона», «Беҳтарин ёдгории таърихию фарҳангӣ», «Беҳтарин масири сайёҳӣ», «Беҳтарин роҳбалад (экскурсовод)» ва «Беҳтарин мутахассиси ҷавон дар соҳаи сайёҳӣ» тақдим мегардад.

Комиссияи озмун фаъолияти иштирокчиёнро мутобиқи меъёрҳои муайяншуда барои ҳар як номинатсия арзёбӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, сифати хизматрасониҳои туристӣ, саҳм дар рушди сайёҳии дохилӣ ва воридотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, сатҳи касбии роҳбаладон ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии мутахассисони ҷавон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои асосии баҳогузорӣ мебошанд.

Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ яке аз воситаҳои муҳими сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва густариши таҷрибаи пешқадам ба шумор меравад. Ин иқдом ҳамзамон ба рушди рақобати солим байни субъектҳои соҳа, муаррифии имкониятҳои туристии минтақаҳои мамлакат ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои ояндадори сайёҳӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Ғолибони озмун бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва дипломҳои дахлдор сарфароз гардонида мешаванд.

Акс: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон