Курси «Малакаи роҳбарӣ» барои занони хизматчии давлатӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид - ИА Караван Инфо
Курси «Малакаи роҳбарӣ» барои занони хизматчии давлатӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Душанбе, 22 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ», ки ба рушди иқтидори касбӣ ва роҳбарии занон нигаронида шуда буд, 20 июн  бомуваффақият ҷамъбаст гардид.

Барномаи омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафи он таҳкими донишҳои касбӣ, рушди қобилияти роҳбарӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои вазифаҳои роҳбарикунанда буд.

Зимни маросими ҷамъбаст раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки сиёсати давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди неруи зеҳнӣ ва ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлатӣ равона гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, рушди малакаҳои роҳбарӣ, такмили донишҳои касбӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳими ташаккули кадрҳои соҳибтаҷриба ва ташаббускор маҳсуб ёфта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ нақши занон дар рушди Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки имрӯз занони тоҷик дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Иштирокчиёни курс барои фароҳам овардани имконияти такмили дониш, табодули таҷриба ва омӯзиши малакаҳои нав ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуда, омодагии худро барои истифодаи донишҳои андӯхта дар фаъолияти минбаъда баён карданд.

Коршиносон бар онанд, ки чунин барномаҳои омӯзишӣ дар ташаккули захираи кадрии кишвар нақши муҳим доранд. Онҳо ба афзоиши иштироки занон дар қабули қарорҳо, рушди фарҳанги идоракунӣ ва таҳкими принсипҳои баробарии гендерӣ дар сохторҳои давлатӣ мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён барои хатми бомуваффақияти курс гувоҳномаҳо супорида шуда, ба онҳо дар фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятӣ комёбиҳои нав орзу гардид.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.