Муовини раиси ВКХ-и Қазоқистон ҳамкориро бо сафири Чин баррасӣ намуд - ИА Караван Инфо
Муовини раиси ВКХ-и Қазоқистон ҳамкориро бо сафири Чин баррасӣ намуд

Остона, 5 августи соли 2026-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Арман Исагалиев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чунлинро қабул намуд. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ, ки соли ҷорӣ баргузор гардид ва ҷадвали сафарҳои ояндаро баррасӣ намуданд.

Ба ҳамоҳангсозӣ дар майдончаҳои бисёрҷониба ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати махсус дода шуд. Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои мунтазамро нигоҳ доранд ва ҳамкориро дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн идома диҳанд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ