Душанбе, 29 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва густариши муколамаи баробар миёни давлатҳо дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ҳаракати байналмилалии «Форуми ҷонибдорони мубориза бо амалияҳои муосири неоколониализм», ки рӯзҳои 24–26 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода намояндагӣ намуд. Ӯ зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди муколамаи созанда байни давлатҳо дар заминаи эҳтироми мутақобил ва баробарии соҳибихтиёрӣ баён кард.
Намояндаи ҲХДТ таваҷҷуҳи махсусро ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаанд, равона намуд.
Таъкид гардид, ки пешниҳоди эълон намудани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ва инчунин қабули Эъломияи Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, таъмини баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва густариши арзишҳои адолат ва ҳамзистии осоишта мусоидат менамоянд.

Ба гуфтаи Мирзоқосим Каримзода, ин ташаббусҳо сиёсати пайгиронаи хориҷии Тоҷикистонро инъикос намуда, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ тавассути муколама, эътимод ва масъулияти муштарак барои ояндаи устувор равона гардидаанд.
Дар доираи ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва роҳҳои таҳкими муносибатҳои шарикӣ дар шароити тағйирёбандаи низоми ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Барномаи форум инчунин боздид аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж, маҷмааи таърихии Петергоф ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро дар бар гирифт.
Иштироки намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин форуми байналмилалӣ қадами навбатӣ дар таҳкими ҳамкориҳои байниҳизбӣ, густариши дӯстии байни халқҳо ва муаррифии ғояҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Акс: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
